Пайвандҳои дастрасӣ

Сафир: "Демократияро дар амал мушоҳида мекунед" (ВИДЕО)


Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Ҷараёни интихоботи президентии Амрикоро даҳҳо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хабарнигорон ва дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе ҳам назорат карданд. Элизабет Миллард, сафири Амрико дар шарҳи ҷараёни интихоботи президентии кишвараш гуфт, "Шумо демократияро дар амал мушоҳида мекунед".

Ҷараёни интихоботи президентии Амрикоро даҳҳо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хабарнигорон ва дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе дар "Гӯшаи амрикоӣ" дар Душанбе назорат карданд. Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, рӯзи 9 ноябр дар шарҳи ҷараёни интихоботи президентии кишвараш гуфт, "Шумо демократияро дар амал мушоҳида мекунед".

Дипломати амрикоӣ афзуд, дар таърихи кишвараш 34 бор интиқоли қудрат сурат гирифтааст ва изҳори бовар намуд, ки ин дафъа низ интиқоли қудрат сулҳомез хоҳад буд. Миллард дар посух ба ин суол, ки ӯ ба ҷонибдории Ҳилларӣ Клинтон раъй додааст, ё Доналд Трамп, гуфт, вай ҳамчун сафир ва корманди вазорати умури хориҷӣ, ҳаққи ошкор кардани номзади интихобкардаашро надорад.

Инчунин, дар "Гӯшаи амрикоӣ" ду гурӯҳи ҷавонони тоҷик сабқати мубоҳисавиро дар робита ба интихоботи Амрико намоиш доданд. Ҷавонон дар ҷараёни ин мубоҳиса сиёсатҳои Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрикоро дар робита ба муҳоҷират ба баррасӣ кашиданд. Дар натиҷаҳои баҳсҳои тезутунд гурӯҳи мубоҳисавии ҳаводори демократҳо ғолиб шудурда шуданд.

Дар "Гӯшаи амрикоӣ" як интихоботи рамзӣ ҳам доир шуд, ки дар он ҷавонони тоҷик раъйи худро ба ин ё он номзад доданд. Дар натиҷа аксарияти ороро Клинтон ба даст овард.

Ҷараёни интихоботи Амрикоро панҷ намояндаи Тоҷикистон дар худи Иёлоти Муттаҳида низ назорат карданд. Қаблан бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки интихоботи Амрикоро пайгирӣ доранд ва Ҳилларӣ Клинтон барояшон номзади ошност.

Ҳиллари Клинтон чор соли пеш, моҳи октябри соли 2011, ки он вақт вазири корҳои хориҷии Амрико буд, ба Тоҷикистон омада, бо мақомодорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ сӯҳбатҳо анҷом дода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG