Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Демократҳо сенатро аз ҷумҳурихоҳон мегиранд?


Интихоботи вакилони мардумӣ дар рӯзи 8-уми ноябр дар Амрико, ки ҳамроҳ бо интихоботи раиси ҷумҳур сурат мегирад, мумкин аст, таркиби Конгрессро тағйир диҳад ва сенат ба дасти Ҳизби демократ гузарад. Ҳоло аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳам дар палатаи болоӣ ва ҳам поёнии конгресс аксариятро ташкил медиҳанд вале 24 курсии ҷумҳурихоҳон холист ва онҳо саъй доранд, то курсиҳоро демократҳо нагиранд. Ҳизби ҷумҳурихоҳ талош дорад, раъйи бештари мардуми аёлати Пенсилвания, Каролинаи шимолӣ, Флорида ва Ню Ҳемпширро ба даст биёрад, вале дар ин иёлот ширкати васеи тарафдорони демократҳо мумкин аст, бар фоидаи Ҳизби демократ тамом шавад. Ба демократҳо 5 курсӣ зарур аст, то соҳиби 51 курсӣ шаванд ва аксариятро дар сенат ташкил диҳанд. Дар сурати пирӯзии демократҳо ва дар сурати пирӯзии Ҳилларӣ Клинтон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қабули қонунҳо барои ӯ осонтар мешавад. Барак Обама дар давраи раёсати ҷумҳурии 8 сола дар 6 соли он ба мухолифати қонунгузорон, ки аксаран ҷумҳурихоҳ буданд, рӯ ба рӯ мешуд. Дар Маҷлиси намояндагони Амрико 435 курсӣ холист, вале интизор меравад, Ҳизби ҷумҳурихоҳ инҷо аксарияти курсиҳоро ба даст биёрад, аммо на мисли пешина.

XS
SM
MD
LG