Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар наздикии як қитъаи раъйдиҳӣ дар Амрико


Дар натиҷаи тирандозӣ дар наздикии як қитъаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Азуса дар аёлати Калифорния як нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Пулис ин қитъаи раъйдиҳиро бастааст. Ба гуфтаи пулис, фарди тирандоз дар маҳаллаи наздик паноҳ бурдааст. Винсент Плейр, сардори пулиси шаҳри Лос Анҷелес гуфт, ҳоло аломате вуҷуд надорад, ки тирандозӣ ба интихобот вобастагӣ дошта бошад. Айни замон мақомот ба мардум аз тариқи Твиттер ҳушдор додаанд, ки ба ду қитъаи раъдиҳии наздик ба маҳалли ҳодиса нараванд ва дар дигар ҷой раъй диҳанд. Маъмурони пулис ҳангоми вуруд ба маҳалли ҳодиса ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG