Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ашт


Раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева аз мақомаш барканор ва Акрамбегим Маҳтобшозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъйин шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 ноябр тайи як фармон, раиси шаҳри Хоруғро ба сабаби бознишастагӣ аз мақомаш барканор кардааст.

Ба иттилои ин манбаъ, бо фармони дигари раиси ҷумҳур, Азизи Азимбой аз мақоми раиси ноҳияи Ашт озод ва ба ҷои ӯ Мирдадо Зариф иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия, таъин шудааст. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Аштро низ ба сабаби ба нафақа баромаданаш аз ин мақом сабукдӯш кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Ҳамидулло Машрабзодаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намуда ва онро барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод кардааст.

Тибқи амрҳои президент, ҳамчунин Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод - мушовири бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон - муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин карда шуданд.

XS
SM
MD
LG