Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамидулло Машрабзода муовини раиси Бонки миллӣ таъйин шуд


Бо як амри президент Эмомалӣ Раҳмон Арамбегим Маҳтобшозода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Қиматгул Алибердиеваро иваз кард, ки бо сабаби бознишастагӣ аз мақомаш барканор шуд. Дар ин бора рӯзи 8 ноябр ба радиои Озодӣ дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод. ​Ҳамчунин бо як амри президенти Тоҷикистон Алимардон Азимзода муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин шуд. Рӯзи 8 ноябр инчунин Муҳиддин Пайшанбезода мушовири бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд. Ҳамидулло Машрабзода ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Мирдадо Зариф - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин шуданд. Азимбой Азизӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шуд.

XS
SM
MD
LG