Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Маҷористон пешниҳоди баҳсбарангезро напазируфт


Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон

Намояндагони мардумӣ дар порлумони Маҷористон (Венгрия) пешниҳоди ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосиро, ки қабули муҳоҷирон ба кишварро манъ мекард, рад намуданд. Ба тарафдории ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ 131 намояндаи мардумӣ аз 199 нафар овоз доданд, вале барои қабули он ду райъи дигар нарасид.

Раъйдиҳӣ дар порлумон дуввумин нокомии нахуствазири шӯҳратталаб Виктор Орбан аст, ки аз сиёсати зидди муҳоҷират пуштибонӣ мекунад.

Моҳи октябр сокинони Маҷористон дар як раъйпурсӣ иштирок карданд то ба пешниҳоди Иттиҳоди Аврпуо дар робита ба "саҳми қабули муҳоҷирон" ҷавоби манфӣ бидиҳанд. Аммо биноабр иштироки ками мардум дар он райъпурсӣ баргузорнашуда эълон шуд.

Талоши нахуствазир Орбан барои гузаронидани ин қонун дар порлумон вокуниш ба пешниҳоди Иттиҳоди Аврпуо аст, ки барои ҷойгир кардани 160 ҳазор паноҳанда дар саросари иттиҳод барои кишварҳо квота ё саҳм муайян кардааст. Бар асоси квота Маҷористон бояд 1 ҳазору 294 паноҳандаро бипазирад.

XS
SM
MD
LG