Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон дар шаҳраки Диксвилл-Нотч пирӯз шуд


Бинобар натиҷаи овоздиҳӣ дар шаҳраки Диксвилл-Нотч, аёлати Ню-Ҳэмпшир, ки ба интихоботи Иёлоти Муттаҳида оғоз бахшидааст, номзади Ҳизби Демократ дар интихоботи раёсати ҷуҳмурии Амрико Ҳиллари Клинтон пирӯзӣ ба даст овард.

Аз рӯи анъана, ки аз соли 1960 оғоз мегирад, дар Диксвилл-Нотч райъдиҳандаҳо ҳақ доранд нимашаб, то боз шудани ҳавзаҳои дигар овоз диҳанд.

Дар ҳавзаи Диксвилл-Нотч ҳафт нафар сабти ном шуд ва дертар як овоздиҳандаи дигар низ ба онҳо ҳамроҳ шуд.

Чаҳор нафар ба ҷонибдории Клинтон, ду нафар ба тарафдории номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва як нафари дигар ба намояндаи ҳизби Либертариан, волии собиқи Ню-Мексико Герри Ҷонсон овоз доданд. Ба ғайр аз ин як нафари дигар райъи худро ба ҷонибдорӣ аз Митт Ромни, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дод. Қонунҳои Амрико ба шаҳрвандон ин ҳақро медиҳанд, ки райъи худро ҳамчунин ба сиёсатмадороне бидиҳанд, ки муддаии курсии раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида нестанд.

Клинтон ҳамчунин дар як шаҳраки дигари Ню-Ҳэмпшир, ки сокинони он нимашабӣ овоз доданд, пирӯз шуд. Трамп низ дар яке аз шаҳрои ин минтақа пирӯзӣ ба даст овард. Ба гуфтаи USA Today, дар маҷмӯъ дар раъйдиҳии нимашабӣ ба тарафдории Трамп 32 ва ба Клинтон 25 райъ овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG