Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сандуқи байналмилалии пул дар остонаи даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳури Молдова қарзи 180 миллион доллариро барои ин кишвар тасвиб кард. Интихоботи президентӣ бояд муайян каунад, ки оё ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо наздик шудааст ё ҳоло низ тамоюл ба самти Русия дорад.

Рӯзи 7 ноябр Шӯрои иҷроияи сандуқи байналмилалии пул дар Вашингтон қарзи сесоларо барои Молдова тасвиб кард. Шӯро гуфт, ки 36 миллиони ин маблағ дафъатан дар ихтиёри Молдова қарор мегирад. Сандуқи байналмилалии пул ва Иттиҳодияи Аврупо баъд аз он, ки дар соли 2014 як миллиард доллар аз се банки Молдова ғайб зад ва ба коҳиши иқтисоду харҷу мараҷ овард, кӯмак ба ин кишварро қатъ кард.

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ки ҳоло иқтисоди Молдова рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳукумати ин кишвар дар ду соли ахир бонкҳоро ва заминаҳои меъёриро таҳким дод. Сандуқи пул аз Молдова ислоҳоти бештарро дар Бонки миллӣ ва сохтори додгоҳӣ тақозо кардааст.

"Сохтори таъсиргузори додгоҳи мустақил ва бонки миллӣ барои ояндаи Молдова аҳамияти ҳалкунанда доранд" - гуфтааст Митусиро Фурусава, мудири омили Сандуқи байналмилалии пул.

XS
SM
MD
LG