Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷорӯбкашҳо барои таҳқири парчами Русия муҷозот шуданд


Додситонии Волгоград парвандаи ҷорӯбкашҳоро, ки ба таҳқири парчами Русия муттҳам мешаванд, барои тафтиши иловагӣ ба пулис фиристод. Коргарони Идораи хоҷагии коммуналӣ, ки кӯчаҳоро покиза мекунанд, гӯё баргҳои хушкро ба халтае бор мекарданд, ки аз парчами Русия сохта шуда буд. Додситонӣ гуфтааст, парвандаро аз иттиллое таҳия кардаанд, ки бар пояи санҷиши ғайриқонунӣ ба даст омадааст ва аз ин рӯ бояд дубора тафтиш шавад.

Охири моҳи октябр як сокини Волгоград аз кори ҷорубкашҳо ба пулис шикоят карда ва гуфтааст, ки истифодаи парчам ҳамчун халтаи ҷамъоварии баргҳои хушк таҳқир ба намод ё рамзҳои давлатӣ ҳисоб мешавад. Худи ҷорӯбкашҳо гуфтанд, ки халтаро дар ахлотӯда пайдо карданд ва намедонистанд, ки парчами Русия аст.

Ба гуфтаи матбуоти Русия дар заминаи ин ҳодиса кормандон аз мукофотпулӣ маҳрум ва раҳбари минтақа аз мақомаш сабукдӯш шудааст.

XS
SM
MD
LG