Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти тарафдорони Ҳизб-ут-Таҳрир дар Санкт-Петребург


Рӯзи сешанбеи 8 ноябр кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия гурӯҳеро бо гумони ҳамкорӣ бо созмони мануъи Ҳизб-ут-Таҳрир дар Санкт-Петербург боздошт карданд. Теъдоди аъзои ин гурӯҳ маълум нест. Бино ба маълумоти идораи минтақавии Хадамоти федеролии амният, ин гурӯҳ дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи қаблӣ, дар бораи таъсиси Ҳизб-ут-Таҳрир дар Петербург ошкор шудааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки 9 нафар дар марҳилаҳои мухталиф бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир дар ин шаҳр боздошт шудаанд. Додгоҳ ҳафт нафари онҳоро ба мӯҳлати аз 5 то 17 сол равонаи зиндон кард.

Русия Ҳизб-ут-Таҳрирро як созмони террористӣ эътироф мекунад ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кардааст. Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Русия, танҳо дар як соли ахир садҳо тарафдори ин созмон дар худуди Русия ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим боздошт шудаанд. Созмони "Мемориал" чаҳор тотори Қримро, ки мақомоти Русия ба ҷонибдории Ҳизб-ут-Таҳрир муттҳам кардаанд, маҳбусони сиёсӣ хондааст.

XS
SM
MD
LG