Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шоҳи обиҷав" барои талоши табаддулот 21 сол зиндонӣ шуд


Тохтар Тулешов, молики ширкати "Шимкентпиво" дар талоши табаддулоти давлатӣ, ташкили гуруҳи ҷиноятии фаромиллӣ, сармоягузорӣ ва роҳбарии он гуруҳ айбдор ва 21 сол зиндонӣ шуд. "Тохтар Тулешов 21 сол зиндонӣ ва молу мулкаш мусодира шуда, муҳлати зиндонро дар маҳбаси низомаш сахт пушти сар мекунад", - омадааст дар ҳукмномаи вай.

Ба ҳайси ҳаммаслакони Тулешов муовини пешини додситони кулл, сардори пешини департаменти корҳои дохилӣ дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, фармондеҳони пешини қисми низомии вазорати дифоъ низ муҳокима шуданд. Писари Тохтар Тулешов ҳам дар сафи айбдоршавандаҳо ҳаст. Тулешов тибқи 16 моддаи кодекси ҷиноятии Қазоқистон айбдор мешуд. Муҳокимаи вай пушти дарҳои баста сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG