Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кремл: Омодагӣ ба табаддулот дар Черногория кори Москва нест


Дмитрий Песков.

Дмитрий Песков.

Кремл мегӯяд, Маскави расмӣ дар қазияи омодагӣ ба сӯиқасд ба ҷони Мило Ҷуканович, сарвазири Черногория даст надорад. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки дар робита ба таҳқиқи кӯшиши табаддулот ҳеч гуна дархости расмиеро қабул накардаанд. Тавре Интерфакс хабар медиҳад, сафорати Русия дар Черногория низ мегӯяд, аз мақомоти ин кишвар огоҳиномаи расмӣ ба намояндагӣ ворид нашудааст.

Миливой Катнич, додситони махсуси Черногория рӯзи якшанбе гуфта буд, ки пушти кӯшиши ноором сохтани вазъ ва ғасби ҳукумат баъди интихоботи порлумонии 16 октябр миллатгароёни рус меистанд. Вай афзуд, ки он рӯз қарор буд, ҳудуди 500 нафар вориди Черногория шуда, ҳукуматро ғасб ва сарвазир Ҷукановичро ба қатл расонанд. Ба гуфтаи Катнич, гумонбарон барои анҷоми ин амали террористӣ дар Черногория, Сербистон ва Русия омодагӣ дидаанд

XS
SM
MD
LG