Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи Туркманистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон 7-уми ноябр тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Ишқобод-Дубай-Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон омадааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳайати варзишии Туркманистон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷойгир шудааст.

Дар нахустин тамрини дастаи мунтахаби Туркманистон, ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Амонқлич Кочумов рӯзи 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, 22 бозигар ширкат дошт.

Дар байни онҳо чаҳор нафарашон легионеранд. Инҳо нимҳимоятгарон Руслан Мингазов («Славия», Ҷумҳурии Чех), Арслонмурод Амонов («Алмалиқ»), Артур Геворкян («Локомотив», Тошканд) ва Элман Тағоев («Андиҷон», ҳарсе аз бошгоҳҳои Узбакистон) мебошанд. Асоси дастаро бозигарони бошгоҳи «Олтин Асир», қаҳрамони секаратаи Туркманистон, ташкил медиҳад.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон рӯзи чоршанбеи 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шуруъ мешавад. Дар ҳамин ҳол мунтахаби Туркманистон дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) нисбат ба Тоҷикистон 28 зина боло, дар ҷойи 116-ум, қарор дорад.

Дар арафаи ин бозӣ, имрӯз, 8-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Тоҷ Палас”, нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG