Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев: аз нигоҳи озодии сухан миёни кишварҳои ОМ дар ҷойи аввалем


Президент Алмосбек Отамбоев рӯзноманигорони Қирғизистонро бо иди касбияшон табрик карда, нақши онҳоро дар рушду пешрафти кишвараш муҳим хондааст.

"Табъи ҷомеа ва баҳои он ба ҳаводиси рӯзмара аз касбияту маҳорат ва холисию беғаразии шумо вобаста аст. Афкори ҷомеаро шумо шакл мебахшед ва барои ин бузургтарин масъулият - расонидани иттилои дуруст ба самъи ҷомеа ба зиммаи шумо, намояндагони қаламу сухан аст", - омадааст дар табрикоти президенти Қирғизистон.

Отамбоев афзудааст, ки дар ташкили ҷомеаи шаҳрвандии озоду боз ва демократӣ ВАО нақши муҳим дорад. "Ҳамагон медонанд, ки Қирғизистон аз рӯи озодии сухан миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Тавре нависандае (Жарко Петан, нависанда, коргардон ва сенариянависи Словения) гуфтааст, "ғами ояндаи дурахшонро сиёсатмадорон, аз гузаштаро таърих ва ҳозираро рӯзноманигорон мехӯранд". Барои мардум рӯзноманигорон роҳбалад дар олами иттилоъ ва ҳаводису ахбор ҳастанд", - изҳор доштааст Отамбоев.

Президенти Қирғизистон дар идома аз рӯзноманигорони кишвараш даъват кардааст, то аз иттилоъ ва овозаҳои бардурӯғ, ки мардумро гумроҳ месозанд, канораҷӯӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG