Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: зарбаҳои ҳавоии Кундуз таҳқиқ мешавад


СММ мегӯяд, марги даҳҳо сокини осоиштаро дар шимоли Афғонистон, ки аз зарбаи ҳавоии Амрико кушта шуданд, таҳқиқ мекунад. Бино бар иттилои СММ, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар Кундуз 32 сокини осоишта кушта ва 19 тани дигар захмӣ шудаанд. Аксари онҳо занон ва кӯдаконанд.

СММ хабар медиҳад, ки як ҳафтаи охир 95 сокин кушта ва 111 тани дигар маҷруҳ шудаанд. "Кушта шудани сокинони осоишта номақбул аст ва талошҳои барқарории сулҳу амниятро дар Афғонистон барҳам мезанад", - гуфтааст СММ.

5 ноябр низомиҳои ИМА ваъда доданд, ки ҳодисаи мазкурро таҳқиқ хоҳанд кард. Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон Ҷон Николсон гуфтааст, аз марги сокинони осоишта андуҳгин аст.

XS
SM
MD
LG