Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешмаргаҳо ба минтақаи таҳти назорати ДИИШ ворид шуданд


Курдҳои Ироқ барои аз ДИИШ бозпас гирифтани шаҳре дар шарқи Мавсил, ки дар он нерӯҳои давлатӣ дар банди даргирӣ бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дармондаанд, ҳамлаи тозаеро оғоз карданд.

Ҳудудуан 2000 шибҳанизомии Пешмарга рӯзи 7 ноябр ба шаҳри Башиқа, воқеъ дар 13 километрии шимолушарқи Мавсил ворид шуданд, ки гуфта мешавад, ба сурати умум, ба ғайри ҷангиёни ДИИШ бошанда надорад.

Қабл аз ворид шудан ба шаҳр рӯзи 6 ноябр нерӯҳои курд шаҳрро мавриди оташи тӯпхонаҳо ва хумпораандозҳо қарор доданд. Ҳамлаҳои бештар аз замину осмон субҳи 7 ноябр, қабл аз ворид шудани нерӯҳо ба шаҳр анҷом шуд.

Сарҳанг Сафин Расул ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки ба ҳисобҳои ӯ ҳоло дар шаҳр ҳудудан 100 ҷангӣ ва 10 мошин, ки дар ҳамлаҳои интиҳорӣ истифода мешавад, боқӣ мондааст.

Нерӯҳои давлатии Ироқ ҳафтаи гузашта ба Мавсил ворид шуданд ва қаламравҳоеро дар канораҳои шаҳр ба даст оварданд. Аммо пешрафт дар дохили шаҳр бинобар ҳузури аҳолӣ ва ҳамлаҳои интиҳории ДИИШ ва домҳои инфиҷории ин гурӯҳи тундрав кунд шудааст.

XS
SM
MD
LG