Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз то интихобот. Даъвати Клинтону Трамп аз амрикоиҳо


То интихоботи президентии Амрико як рӯз мондааст. Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп лаҳзаҳои охири маъракаи пеш аз интихоботияшонро дар "аёлатҳои дудила" хоҳанд гузаронд, ки натоиҷи мубориза барои Кохи Сафедро муайян мекунанд. Ҳар ду номзад талош доранд, таваҷҷуҳи интихобкунандагонеро ба худ ҷалб кунанд, ки ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ба онҳо овоз медиҳанд, ё не.

Бар пояи назарсанҷиҳо, Доналд Трамп дар Оҳаё ва Ҳиллари Клинтон дар Пенсилвания пешсаф ҳастанд. Тайи ҳафтаи ахир номзади ҷумҳурихоҳон фаъол шуда, рақибон ба анҷоми маърака шона ба шона наздик мешаванд ва касе ҳам пешбинӣ кардани натоиҷи интихоботро ба зимма намегирад. 37 миллион амрикоӣ низ аллакай раъйи худро пеш аз муҳлат додаанд.

Сомонаи WikiLeaks рӯзи шанбе қисмати 31-уми номаҳои Ҷон Подест, раиси ситоди интихоботии Ҳизби демократҳоро нашр кард. Қаблан WikiLeaks чанд ҳазор паёмҳои Подестро оммавӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG