Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар доираи як сафари расмӣ вориди Ҷопон шуд. Назарбоев дар ҷараёни ин сафараш бо Синдзо Абэ, сарвазир ва Акихито императори Ҷопон дидор ва гуфтугӯ карда, қарор аст, дар порлумон ва Донишгоҳи "Токай"-и ин кишвар низ суханронӣ кунад.

Ҳамчунин дар Токио анҷумани соҳибкорон баргузор шуда, президенти Қазоқистон рӯзи охирини сафараш ба Ҷопон, 9 ноябр аз шаҳри Хиросима боздид ва дар онҷо суханронӣ хоҳад кард. Ин суханронӣ ба зарурати даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ бахшида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Синдзо Абэ соли гузашта дар доираи сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон низ боздид карда буд.

XS
SM
MD
LG