Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони амалиёти бозпасгирии “пойтахти” ДИИШ


"Нерӯҳои демократии Сурия"

"Нерӯҳои демократии Сурия"

“Нерӯҳои демократии Сурия”, ки иттиҳоди курдҳо, арабҳо ва ниҳодҳои дигари низомӣ буда, аз тарафи Амрико ҳимоят мешавад, рӯзи 6 ноябр аз шурӯи маъракаи бозпасгирии Раққа хабар дод. Раққа аз соли 2014 таҳти идораи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аст. Ин гурӯҳ дар гузашта Раққаро “пойтахти” худ эълон карда буд. Як фармондеҳи “Нерӯҳои демократии Сурия” дар нишасти хабарӣ гуфт, “мо барои амалиёти Раққа тааҳҳудоти байналмилалиро дар ростои ҳимояти низомӣ ба даст овардаем”. Аммо Туркия ба ин гурӯҳ ба шубҳа нигариста ва гуфтааст, нақши курдҳоро дар озодии Раққа нахоҳад пазируфт.

XS
SM
MD
LG