Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

74 дарра ва 10 соли зиндон барои рэпсароӣ


Амир Татулу, яке аз рэпсароҳои Эрон дар моҳи август боздошт шуда буд

Амир Татулу, яке аз рэпсароҳои Эрон дар моҳи август боздошт шуда буд

Як хонандаи рэп дар Эрон ба даҳ соли зиндон ва 74 зарбаи шаллоқ маҳкум шудааст. Дар ин бора Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ, додситони Теҳрон, рӯзи 5 ноябр хабар дода, аммо аз хонанда ном набурдааст. Хабаргузории “Мизон”, вобаста ба қувваи қазоия, навиштааст, ки яке аз шикояткунандаҳо аризаи худро пас гирифтааст ва, бино ба қавли Ҷаъфарии Давлатободӣ, як қисми муҳлати ҳабси ӯ кам карда хоҳад шуд. Дар моҳи августи имсол боздошти Амир Таталу, бо номи комили Амир Ҳусайн Мақсадлу, яке хонандаҳои рэп дар Эрон бо вокунишҳои тунди тарафдоронаш рӯбарӯ гардид. Ӯ бо бадане пур аз холкӯбӣ рэп мехонд ва дар дастаҳои азодории моҳи муҳаррам (маросими азодории шиаиён) низ иштирок мекард. Амир Таталу агарчӣ ба унвони як хонандаи зеризаминӣ шинохта мешавад ва иҷозатномаи фаъолияти расмӣ надорад, вале баъди чанд бори боздошт дар солҳои охир ин иҷозаро пайдо кард, ки рӯйи киштии нерӯҳои дарёии Эрон оҳанге бо номи "Энержии ҳастаӣ" бихонад. Ӯ гуфта буд, ки "энержии ҳастаӣ ҳаққи мусаллами мост".

XS
SM
MD
LG