Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Кобул як шаҳрванди Австралияро рабуданд


Мақомоти Австралия гуфтанд, ки дар пайи таҳқиқи рабуда шудани як шаҳрванди ин кишвар дар пойтахти Афғонистонанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Австралия рӯзи 6 ноябр гуфт, “сафорат дар Кобул қазияро пайгирӣ дорад”, аммо ҷузъиёти бештар надод.

Бахши дарии Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ гуфт, ин шаҳрванди Австралия дар муассисаи “Акбар” кор мекард ва дар минқтаи Қалъаи Фатҳуллоҳ дар маркази Кобул рабуда шудааст. Як мақоми амниятии Афғонистон гуфтааст, ҳоло пулис ба шиносоии рабояндагон ва рӯшан кардани қазия талош дорад. Як корманди муассисаи “Акбар” ба Радиои Озодӣ гуфт, корманди рабудашудаи онҳо дар бахши баланд бурдани зарфияти созмонҳои ғайридавлатӣ кор мекард.

Ҳудуди шаш моҳ пеш мардони мусаллаҳ дар Қалхаи Фатҳуллоҳ корманди ҳиндии муасиссаи Оғохонро рабуда буданд. Аз ин пеш ду шаҳрванди Австралия низ дар Кобул рабуда шуданд. Керри Ҷейн Вилсон, ки дар муассисаи хайрия кор мекард, моҳи апрели имсол дар шарқи Ҷалолобод дуздида шуда ва танҳо моҳи август раҳо гардид. Шаҳрванди дигари Австралия, устоди Донишгоҳи амрикоии Кобул, моҳи август рабуда шудааст.

XS
SM
MD
LG