Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Истанбул монеи тазоҳуроти хабарнигорон шуд


Пулиси Истанбул тазоҳуроти хабарнигоронро бо истифода аз обу гази ашковар пароканда кардааст. Бино ба гузориши Рейтерс, чанд хабарнигор ба ҳимоят аз кормандони боздоштшудаи нашрияи мухолифи “Ҷумҳурият” эътироз карданд, вале пулис монеи гирдиҳамоии онҳо шуд. Додгоҳи Туркия рӯзи 5 ноябр ба ҳабси 9 корманди нашрияи “Ҷумҳурият” дастури расмӣ содир кард. Ин афрод ба ҳимоят аз курдҳои мусаллаҳ ва иртибот бо рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гулен муттаҳам мешаванд. Анкара Гуленро дар ташкили табаддулоти нофарҷоми моҳи июл дар Туркия айбдор медонад ва аз Иёлоти Муттаҳида истирдодашро тақозо кардааст. Вале Фатҳуллоҳ Гулен ин иттиҳоми Анкараро бепоя хондааст. Дар ҷараёни кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи июл дар Туркия беш аз 240 нафар ҳалок шуданд. Дар пайи таҳқиқоти қазия, мақомоти Туркия ҳазорҳо нафарро боздошт карда ва садҳо тани дигарро аз мақомҳояшон дар идораҳои давлатӣ барканор намуданд.

XS
SM
MD
LG