Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ дар Булғористон


Дар Булғористон раъйдиҳӣ барои интихоби президенти нав шурӯъ шуд. Сокинони Булғористон бори аввал раҳбари кишварашонро мустақим интихоб мекунанд. Иштирок дар интихоботи 6 ноябр барои ҳамаи афроди қобили райъ ҳатмист.

Бар асоси назарпурсиҳо, довталаби асосӣ дар ин интихобот Тсеска Сачева – раиси порлумон – ва генерали мустаъфӣ Румен Радев, аз тарафдорони ҳамкорӣ бо Русия ва қатъи таҳримҳо алайҳи Маскав, ҳастанд. Нафари пирӯз аз 1 январи соли оянда ба кор шурӯъ хоҳад кард. Агар интихоботи рӯзи якшанбе ғолибро муайян накунад, даври дувум ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд.

Дар баробари интихоби президент, сокинони Булғористон ба интихоби муовини раиси ҷумҳур ва ислоҳи қонуни интихобот райъ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG