Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаллифи гимни Узбакистон дар Амрико даргузашт


Абдулло Орифов, шоири шинохтаи Узбакистон ва муаллифи суруди миллии он кишвар, дар 75-солагӣ дар Амрико даргузашт. Исмат Хушев – сардабири вебсайти “Дунё узбаклари” – ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Орифов субҳи 5 ноябр дар бемористон ҷон додааст. Ӯ рӯзи панҷшанбеи гузашта ба сабаби аз кор мондани гурдааш дар ҳолати кома ё беҳушӣ буд.

Ин шоири шинохта ва қаҳрамони Узбакистон ду моҳи охир дар меҳмонӣ дар хонаи духтараш Мавлуда Орифова дар шаҳри Ҳюстони аёлати Техас ба сар мебурд. Исмат Хушев гуфт, то кунун касе аз намояндаҳои расмии Узбакистон дар Амрико ба вазъи саломати Абдулло Орифов ва, ҳамин тавр, даргузашти ӯ таваҷҷӯҳ накардааст.

Соли гузашта дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ Абдуло Орифов аз он шиква карда буд, ки ӯро ҳатто шогирдон аз ёд бурдаанд. Орифов соли 1941 дар вилояти Қашқадарёи Узбакистон ба дунё омада, фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Узбакистон аст.

XS
SM
MD
LG