Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2016-ум гардид. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ҳосилот” рӯзи шанбеи 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 боз баргузор мешавад. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони ин Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳисобро Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани “Истиқлол”, боз кард. Голи ҷавобиро Иброҳим Рабимов бо зарбаи сар ба самар расонд. Баъдан легионер Мӯсо Содиқ ҳам тӯби дувуми “Ҳосилот”-ро бо зарбаи сар ба дарвозаи душанбегиҳо зад. Дар дақиқаҳои охири қисми аввали дидор Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол”, ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дувуми бозӣ ҳисоб тағйир наёфт – 2:2. Бар асоси дастури мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сардовар Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) 30 дақиқа замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъин кард. Дар замони изофӣ низ ҳисоби бозӣ бетағйир монд. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар задани зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ - 5:4) пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дарвозабони “Истиқлол”, легионер Никола Стошич дар ғалабаи дастааш саҳми арзанда гузошт. Вай ду тӯби аз пеналтӣ задаи бозигарони “Ҳосилот” Ҳикматулло Расулов ва Комил Саидовро баргардонд. Инчунин тӯби задаи Ҳасан Рустамов ба тири дарвоза бархӯрд.

Ҷоми Тоҷикистон-2016. Бозии ниҳоӣ

«Истиқлол» – «Ҳосилот» – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 13 (1:0). Иброҳим Рабимов, 33 (1:1). Мӯсо Содиқ, 37 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:2).​

Силсилаи пеналтӣ: Сафаралӣ Каримов – 0:1. Ҷаҳонгир Алиев – 0:1 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Ойбек Абдуғаффоров – 0:2. Нозим Бобоҷонов – 1:2. Ҳикматулло Расулов – 1:2 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Фатҳулло Фатҳуллоев – 2:2. Комил Саидов – 2:2 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Аҳтам Назаров – 3:2. Ҳасан Рустамов – 3:2 (тӯб ба тири дарвоза бархӯрд).

Душанбе, 5 ноябр. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6 000 тамошобин.

Ба ин тартиб, дастаи “Истиқлол” барои бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ доир гашт, Ҷоми Тоҷикистон ба капитани “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев супурда шуд. Аъзои дастаи “Истиқлол” бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Ҳосилот” бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 25-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони ин Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 3:2

XS
SM
MD
LG