Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар Туркия ба ҳабси 9 корманди нашрияи мухолифи «Ҷумҳурият» (Cumhuriyet) дар ин кишвар дастур дод. Дар маҷмӯъ, 13 корманди ин нашрия бо шумули сардабир Мурод Собунҷу рӯзи 31 октябр барои бозпурсӣ бурда шуда буданд. Ин афрод ба ҳимоят аз курдҳои мусталлаҳ ва иртибот бо Фатҳуллоҳ Гулен муттаҳам мешаванд. Туркия рӯҳонии маъруф Фатҳуллоҳ Гуленро ба табаддулоти нофарҷоми 15 июли соли равон дар ин кишвар айбдор мекунад. Нашрияи «Ҷумҳурият» аз соли 1924 боз нашр мешавад. Кормандони ин нашрия дар гузашта низ ба додгоҳ кашида шудаанд. Аз ҷумла, ду хабарнигори «Ҷумҳурият» барои бознашри карикатураи Муҳаммад, паёмбари ислом, ба дусолии зиндон маҳкум шуда буданд.

XS
SM
MD
LG