Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ таҳдид кард, тавлиди нафтро афзоиш хоҳад дод


Арабистони Саудӣ таҳдид кардааст, ки агар Эрон тавлиди нафтро маҳдуд накунад, содироташро бо ҳадафи коҳиши қимати нафт то 11 ва ҳатто 12 миллион бушка дар рӯз афзоиш хоҳад дод. Дар ин бора хабаргузории Рейтерс аз қавли манобеи ОПЕК хабар дод ва гуфт, ки таҳдиди Саудӣ дар ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи ин созмон садо додааст. Дар пайи тавофуқи пешин Арабистон бо маҳдуд кардани мизони тавлиди нафт дар моҳҳои охир то ҳадде аз таниши нафтӣ миёни Эрону Саудӣ кост ва шароитро барои афзоиши нархи нафти содиротии ОПЕК фароҳам кард. Аммо як манбаи огоҳ ба Рейтерс гуфтааст, дар ҷаласаи ахири ОПЕК дубора ихтилофоти шадид миёни Эрону Арабистон ба миён омадааст. ОПЕК ҳозир нашудааст, расман дар мавриди натиҷаҳои ин ҷ аласа, ки пушти дарҳои баста баргузор шуд, изҳори назар кунад. Ҳайати намояндагии Эрону Арабистони Саудӣ низ то кунун дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG