Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ҳукми ҳамлагарони сафорати Саудиро эълон кард


Эрон ҳукми теъдоди номаълуми одамонро, ки дар ҳамла ба миссияи дипломатии Арабистони Саудӣ дар аввалҳои соли равон даст доштанд, эълон кард. ИСНО, хабаргузории нимарасмии Эрон, рӯзи 4 ноябр бо такя ба қавли вакил Мустафо Шабонӣ гуфт, додгоҳ баъзе муттаҳамонро аз се то шаш моҳ зиндонӣ ва бархеи дигарро "сафед" кард.

Авоили ҳафтаи равон сомонаи Вазорати адлияи Эрон навишт, ки додгоҳ 20 гумонбарро ҷазо дод. Ба навиштаи ин манбаъ, дар чаҳорчӯби ин парванда 146 нафар боздошт шудаанд. Арабистони Саудӣ моҳи январ ба дунболи ҳамлаи эътирозгарон ба сафорат ва консулгарии ин кишвар равобит бо Эронро қатъ кард. Эътирозгарон дар посух ба эъдоми рӯҳонии шиа дар Саудӣ ба намояндагиҳои Риёз дар Эрон ҳамла карданд.

Саудии суннимазҳаб ва Эрони шиамазҳаб аз рақибонии деринаи якдигаранд ва дар низои Сурияву Яман ба тарафҳои муқобил ёрӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG