Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мирзиёев бо Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод


Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дирӯз тариқи телефон суҳбат кардааст.

Ин суҳбат бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон баргузор шуда, ҷонибҳо масоили ҳамкории сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии Ӯзбекистону Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.

Ҳам Мирзиёев ва ҳам Назарбоев аз ҷараёни иҷрошавии созишномаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Онҳо дар масоили муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ низ изҳори назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG