Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар Туркия ҳашт нафарро кушта беш аз сад танро захмӣ кард


Дар шаҳри Диёрбоқир, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия бар асари таркиши субҳи рӯзи ҷумъа 8 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захм бардоштанд. Дар ин бора нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим хабар дод.

Ба гуфтаи нахуствазир, дар ин ҳодиса гумонбари амали террористӣ, як узви Ҳизби коргарии Курдистон, ки фаъолияти он дар Туркия мануъ аст, низ ҳалок шудааст. Биноба гуфтаи мақомот мошини ҳомили бомбаро ҳамлагари интиҳорӣ мунфаҷир кард.

Пеш аз ин, шаби панҷшанбе ба ҷумъа мақомоти Туркия 11 намояндаи порлумон аз Ҳизби Демократии Мардумӣ, бо шумули ду ҳамраиси он, Салоҳиддин Демиртош ва Фиғон Юксекдагро, ки тарафдори курдҳо гуфта мешаванд, боздошт карданд. Ба маълумоти матбуоти Туркия, сиёсатмадорони мухолифин дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи марбут ба таблиғи терроризм боздошт шудаанд. Мақомоти Туркия ҳизби мухолифини курдгароро ба доштани робита бо Ҳизби коргарии Курдистон муттаҳам мекунанд.

Диёрбоқир дар наздикии сарҳади Сурия ҷойгир аст ва бахши умдаи аҳолии онро курдҳо ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG