Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон қаҳрамони "National Geographic"-ро депорт мекунад


Додгоҳи Покистон Шарбат Гула, занеро, ки акси кӯдакии ӯ бо чашмҳои обиаш дар муқоваи маҷаллаи National Geographic ӯро машҳури ҷаҳон карда буд, баъди 15 рӯзи боздошт, ба Афғонистон депорт мекунад. Додгоҳ ҳамчунин амр кардааст, ки Гула 1050 доллар ҷарима супорад.

Шарбат Гула рӯзи 26 октябр бо иттиҳоми зиндагӣ бо мадорики тақаллубии ҳуввият дар Пешавар боздошт шуд.

Шарбат Гула дар зиндон мариз шуд ва ӯро ба бемористон бурданд. Қаблан гуфта шуд, ки Шарбат Гула гирифтори бемории Гепатити С аст. 15 рӯзи зиндон аз замони боздошти Гула шумурда мешавад ва ба ин тартиб 8-9 ноябр ӯ ба Афғонистон ихроҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG