Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди бомбаи дурӯғин парвозҳоро дар фурудгоҳи Алмаато лағв кард


Мақомоти Қазоқистон ба думболи занги телефонии як шахси номаълум дар бораи гӯё бомбагузорӣ шудани фурудгоҳи Алмаато рӯзи 4 ноябр якчанд парвозро лағв карданд ва мусофиронро аз бино берун бурданд.

Дафтари матуботи фурудгоҳ гуфт, ки баъди таҳқиқи саҳни фурудгоҳ аз тарафи кормандони амният, ки ҳеҷ маводи таркандаеро ошкор накарданд, парвозҳо дубора шурӯъ шуданд.

Ин ҳодиса чаҳор рӯз баъд аз ҳодисаи монанд ба ин дар фурудгоҳи байналмилалии Манаси Қирғизистон рух дод.

XS
SM
MD
LG