Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини вазири хориҷаи Русия аз Душанбе дидан мекунад


Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин, ки дар раъси як ҳайат ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон меравад, бо ҳамкорони тоҷикистониаш масоили марбут ба равобити ду кишварро баррасӣ мекунад. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳайат рӯзи чоршанбеи 9 ноябр вориди шаҳри Душанбе мешавад ва давоми ду рӯз дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Тафсилоти зиёд аз масоили мушаххаси мавриди баррасии мақомҳои тоҷику рус феълан дар даст нест, вале бо назардошти ин ки ин сафар дар шароити эҳтимоли қатъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад, яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ ин мушкил хоҳад буд. Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, ки бо сабаби аз хизмати фурудгоҳи Жуковский дар вилояти Маскав даст кашидани Тоҷикистон, эҳтимолан аз 8 ноябри соли ҷорӣ парвозҳои ҳавопаймоҳои Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон қатъ шавад. Мақомоти тоҷик барои ҳаллу баррасии ин масъала ба Маскав парвоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG