Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абубакр ал-Бағдодӣ аз Мавсил фирор кардааст


Вазири умури хориҷии Бритониё мегӯяд, ки раҳбари гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” Абу Бакр ал-Бағдодӣ шаҳри Мавсили Ироқро тарк кардааст. Борис Ҷонсон дар ин бора бо такя ба манобеи истихборот хабар додааст.

Вазир зимни суханронӣ дар порлумони Бритониё гуфтааст, тамасхуромез аст, ки раҳбари ДИИШ худаш аз Мавсил фирор мекунад ва ба ҷангиёнаш аз тариқи интернет мегӯяд, ки барои аз даст нарафти шаҳр ҷанг кунанд.

Рӯзи гузашта дар интернет наворе нашр шуд, ки гӯё дар он раҳбари ДИИШ сӯҳбат мекунад. Ӯ аз ҷонибдоронаш даъват кардааст, ки барои Мавсил мубориза баранд. Ин нахустин муроҷиати ал-Бағдодӣ дар тӯли як соли охир аст. Қаблан гуфта мешуд, ки раҳбари ДИИШ кушта шудааст, вале ҷонибдоронаш инро ошкор намекунанд.

Амалиёти озод кардани шаҳри Мавсил аз гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” расман 17 октябр оғоз шуд. Шибҳанизомиёни шиа аз ҷануб ва ҷанубу ғарб ва пешмаргаҳои курд аз шарқ ба шаҳр ҳамла мекунанд. Дар ҳуҷум нерӯҳои ҳукумати Ироқ ва ҳамчунин эътилофи таҳти назари Амрико аз ҳаво иштирок мекунанд. Дар ҳуҷуми тайи ду ҳафтаи ахир ин нерӯҳо ба канораҳои шаҳр ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG