Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанни Инфантино, раиси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), дар як номаи худ ба унвони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо пирӯзиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон табрик кардааст.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар номаи Инфантино, аз ҷумла, омадааст: «Мӯҳтарам раис! Лутфан, табрикоти гарму ҷӯшони маро ба бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бинобар ғалабааш дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бирасонед. Ин ғалабаи тамоми даста аст. Бинобар ин таманниёти самимонаи маро ба ҳамаи бозигарон, мураббиён, кормандони техникиву тиббӣ, инчунин, ба мухлисони даста, ки бешак, дар пирӯзии бошгоҳи худ саҳми муҳим гузоштаанд, бирасонед. Аз номи аҳли ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ ба «Истиқлол»-и Душанбе дар оянда барори кор ва муваффақият мехоҳам.»

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олӣ бар тими «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, пешакӣ ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфт ва барои панҷумин бор бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад. “Истиқлол”, ки ҳамаи 18 бозиашро ба анҷом расонд, бо 45 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро соҳиб шуд.

Ҳамакнун “Истиқлол” барои Ҷоми Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 5 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, бо дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар, рақобат мекунад. Зимнан, ҳарду даста ба Ҷоми AFC (Кофедератсияи футболи Осиё)-2017 роҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG