Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имтиёзҳои низомӣ ба зархаридони рус дар ҷангҳои Сурия


Шаҳрвандони Русия, ки дар ҳайати гуруҳҳои алоҳида дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, баъди бозгашт ба ватан имтиёзҳоеро соҳиб хоҳанд шуд, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Яке аз табибони бемористони низомии Русия ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо Reuters гуфтааст, ки зархаридони маҷруҳи русро аз Сурия барои табобат бо ҳавопаймои ҳарбӣ ба ватан меоранд. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар шуъбаи ҷарроҳии онҳо 6 ё 7 иштирокчии маҷруҳи ҷангҳои Сурия дармон мешаванд, ки қаблан низомӣ набуданд. "Дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург дасти кам ду бемористони низомӣ аст, ки дар онҳо зархаридони маҷруҳи ҷангҳои Сурия бистариянд", - афзудааст табиб.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, зархаридони рус ба воситаи ҳавопаймо ё киштиҳои низомии Русия ба пойгоҳи ҳарбии ин кишвар дар Сурия интиқол дода мешаванд. "Онҳо дар ҳамоҳангии зич бо қувваҳои мусаллаҳи расмии Русия фаъолият мекунанд", - навиштааст хабаргузорӣ. Reuters мегӯяд, Максим Колганов ва Сергей Морозов, шаҳрвандони Русияро, ки дар сафи гуруҳҳои алоҳидаи ҷангҳои Сурия кушта шуданд, моҳи феврали соли 2016 бо ордени Мардонагӣ баъд аз марг қадрдонӣ карданд. Зери ҳуҷҷати орденҳо Владимир Путин, президенти Русия имзо гузоштааст.

XS
SM
MD
LG