Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як зан ба гумони даст доштан дар истисмори шаҳвонӣ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти зане ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон барои истисмор хабар додааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4 ноябр зимни тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар таърихи 3 ноябр, як зани 34-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, дастгир гардид, ки дар ҷалби одамон ба истисмор гумонбар дониста мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Эмомалӣ, ин зан ду тан аз занонро, ки яке 19-сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва дигаре 21-сола аз шаҳри Истаравшан мебошанд, барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб даъват намудааст. Суханг=и вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ин занон рӯзи 1-уми ноябр ҳангоми сафар аз Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд бозпас гардонида шуданд ва ҳамакнун нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи идома дорад.

Боздошти ин зани тоҷик ба хотири ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дар ҳолест, ки дар як моҳи пеш Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) гуфта буд, ки дар 11 соли ахир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд, ки бештари онҳо занону духтарон будаанд. Бино ба маълумоти дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 мавориди қочоқ ва тиҷорати инсон дар Тоҷикистон ба таври муназзам афзоиш ёфта ва дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG