Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зулайхои сесола бобову бибиашро падару модар мегӯяд, вале намедонад, ки падари воқеиаш ҳазорҳо километр дуртар аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шуда ва модари ӯро низ бо худ бурдааст. ​Сафармоҳ Азизова, бибии Зулайхо, рӯзи 3 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш Зулайхоро дар чормоҳагӣ ва модараш дар нӯҳмоҳагӣ гузошта рафта буданд ва аз он вақт то кунун нигоҳубини кӯдак бар ӯҳдаи онҳост.

Зулайхо танҳо кӯдаке нест, ки волидонаш ӯро ба сарпарастии бобову бибӣ гузошта, сарнавишти норӯшанеро интихоб кардаанд.

Волидони Зулайхо дар нимаҳои соли 2014 аввал барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтанд ва дар аввалҳои соли 2015 маъмурони пулис ба Иброҳим Сафаров – бобои Зулайхо – гуфтанд, ки писараш Сафаралии 27-сола бо ҳамсараш Лутфияи 25-сола ба Ироқ рафтааст. “Дар шӯъбаи пулис шумораи телефонеро, ки писарам ба ман занг зада буд, нишон доданд. Гуфтанд, ки писаратон аз Ироқ тамос гирифтааст. Ман дигар даступо хӯрдам ва дар ҳайрат афтодам”, - нақл кард Иброҳим Сафаров.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Бобову бибии Зулайхо мегӯянд, пеш аз шунидани ин хабар писарашон бо онҳо тамос гирифта, гуфта будааст, ки барои кор дар як фермаи Маскав истихдом шуд. Барои ҳамин, ба қавли онҳо, иттилои пулис барояшон ногаҳонӣ ва зарбазананда буд.

Аммо Сафармоҳ Азизова, модарбузурги Зулайхо, мисли ҳамаи модарони ба истилоҳ ҷиҳодиҳои дигар писарашро ба гунае сафед мекунад ва мегӯяд, “онҳо намедонистаанд, ба куҷо рафта истодаанд ва баъди рафта расидан фаҳмидаанд, ки ба куҷо омадаанд. Онҳо ба нияти бад ба онҷо нарафтаанд.”

Бобову модарбузурги Зулайхо намедонанд, ки Сафаралӣ ва ҳамсараш дар куҷоянд ва сарнавишти онҳо чӣ шуд. Аммо мегӯянд, то зиндаанд ба кӯдак нигоҳубин мекунанд, то эҳсос накунад, ки ятим мондааст. “Мо ягон бор нагуфтем, ки падару модарат нестем. Вай ба мо мисли падару модараш меҳр дорад ва чӣ гуна метавонем ӯро дилшикаста кунем?” – суол гузошт Сафармоҳ Азизова.

Зулайхо танҳо кӯдаке нест, ки волидонаш ӯро ба сарпарастии бобову бибӣ гузошта, сарнавишти норӯшанеро интихоб кардаанд. Танҳо аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, зодгоҳи Зулайхо, 24 нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Баъзеи онҳо ҳамсару кӯдаконашонро бо худ бурдаанд ва бархе бачаҳоро ба хешу табор супурдаанд.

Дар ду-се соли ахир беш аз ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, бар пояи маълумоти мақомот беш аз 300 нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG