Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" тавассути туннелҳо фирор мекунанд. ВИДЕО


Артиши Ироқ ва нерӯҳои "Пешмарга"-и курдҳои ироқӣ силоҳбадастони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро аз мавқеъҳояшон дар гирду атрофи Мавсил берун карда, ба ин шаҳри шимолии Ироқ наздик мешаванд.

Дар гузориши видеоии хабарнигори “Садои Амрико” Ҳезер Мардок дида мешавад, сарбозони “Пешмарга” тахминан дар 10-километрии ҷабҳаи ҷанг деҳаеро давр зада, бо тарзи кори гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ошно мегарданд. Барои мисол, халтаҳои қум дар дохили масҷид ҷой дода шудаанд ва ин яке аз ҳиллаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” будааст, ки мавқеи ҷангҷӯёнро аз назари ҳавопаймоҳои эътилоф пинҳон мекунад.

Гузориши виедоӣ инҷост:

Дар ҳамин ҳол, сарбозони “Пешмарга” туннел (нақб)-еро кашф намуданд, ки тавассути он ҷангҷӯён фирор кардаанд. Сарбозон мегӯянд, донистани ин ҳиллаҳо дар набард кумак хоҳад кард, вале ҳанӯз ҳам вазъ ғайри қобили пешбинӣ аст.

Усмон Алӣ, як фармондеҳи "Пешмарга" гуфт, "таҳдиди мошинҳои саршор аз маводи тарканда ва бомбгузорони маргталаб ҳоло ҳам бузург аст. Мо силоҳ дорем, вале мисли артиши Ироқ хуб мусаллаҳ нестем. Мо ба силоҳи беҳтар ва бештар ниёз дорем."

Сарбозони "Пешмарга" аз тарафи муқобили туннел берун мешаванд ва онҳо тасмим гирифтаанд, бо гурӯҳи ҷангҷӯй то охир мубориза кунанд. Сарбозони “Пешмарга”, артиши Ироқ ва гурӯҳҳои ниманизомии шиа якҷоя амалиётро пеш мебаранд, вале баъзе нофаҳмиҳо дар байни онҳо ҳам ҷой доштааст.

Сарфи назар аз поксозии минтақа сокинони маҳалла зиёд хушҳол ба чашм намехӯранд, зеро ҳанӯз ба онҳо иҷозати вуруд ба деҳаро надодаанд. Низомиён мегӯянд, деҳа амн нест ва аввал ҳамаи ҷасадҳоро берун карда, домҳои эҳтимолӣ бо маводи таркандаро безарар кардан зарур аст.

Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр дар ҷараёни пешравиҳои гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG