Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратеги "Ал-Қоида" дар Сурия кушта шуд


Дар пайи ҳуҷуми ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Сурия яке аз стратегҳои "Ал-Қоида" кушта шудааст. Намояндаи Пентагон гуфт, ки Ҳайдар Кикан барномаи ҳамла ба давлатҳои ғарбиро тарҳрезӣ мекард ва яке аз нафарони муҳими "Ал-Қоида" дар қаламрави Сурия буд.

Ӯ дар вилояти Идлиб, ки таҳти назорати гурӯҳҳои гуногуни мухолифин қарор дорад, мавриди ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин қарор гирифт. Дар Идлиб аз мухолифини дунявии Башор Асад гирифта, то "Ҷабҳаи фатҳи Шом" (Ҷабҳат ун Нусраи собиқ) мавқеъ доранд. Пентагон ахириро сарфи назар аз изҳороти буридан аз "Ал Қоида" шарикони ҳамин гурӯҳи террористӣ медонад.

Русия дар ҳамин авохир борҳо Амрико ва кишварҳои дигари Ғарбро ба надоштани хоҳиши ҷанг бо "Ал Қоида", аз ҷумла гурӯҳи "Ҷабҳаи фатҳи Шом" муттаҳам кард. Маскав ҳузури ин гурӯҳро дар Ҳалаб ҳамчун тавҷеҳи бомбаборон кардани шаҳр ба кор мебарад.

XS
SM
MD
LG