Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел артиши Асадро дар "ҷиноятҳои зидди башарият" айбдор кард


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел нерӯҳои ҳукуматии Сурияро дар содир кардани "ҷиноятҳои зидди башарият" айбдор кард. Вай гуфтааст, ин ҷиноятҳо набояд бе ҷазо монанд. Ангела Меркел гуфтааст, истифодаи бомбаҳои хӯшаӣ ва оташзо ва силоҳи кимиёвиро набояд бахшид. Меркел дар ин бора зимни дарёфти ҷоизаи сулҳ рӯзи чаҳоршанбе дар Берлин изҳори назар кардааст.

"Аҳолии осоишта ранҷи гуруснагӣ мекашад, муассисаҳои тиббӣ тирборон мешаванд, табибонро мекушанд", гуфтааст Меркел ва илова кардааст, ки корвони мошинҳои кумакҳои башардӯстонаи СММ аз бомбаборон ҳифз намешаванд. "Инҳо ҷиноятҳои сангине зидди башарият ҳастанд. Мо набояд инҳоро сарфи назар кунем", - афзудааст вай.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ пештар аз ин артиши Сурияро айбдор карда буданд, ки бо кумаки ҳавоии Русия беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои ғайринизомиро тирборон мекунад.

XS
SM
MD
LG