Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек


Сарвазирони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин ва муовини сарвазири Узбакистон барои иштирок дар 15-умин солгарди Шӯрои раҳбарони ҳукумати кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки қарор аст 3 ноябр таҳти раҳбарии Қирғизистон баргузор шавад, вориди Бишкек шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи ҳукумати Русия, ҳайати ин кишвар таҳти раҳбарии сарвазир Дмитрий Медведев 2 ноябр ба Қирғизистон сафар кардааст. Сарвазири Русияро дар фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек Муҳаммадкалий Абулғозиев, иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали сарвазири Қирғизистон пешвоз гирифт.

Қабл аз ин, муовини аввали сарвазири Узбакистон Рустам Азимов, раиси ҳукумати Қазоқистон Бакитжон Сагинтоев, сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кэтсян ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ вориди Бишкек шуда буданд. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Чин узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд.

XS
SM
MD
LG