Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти шоир ва рӯзноманигор Раҳими Рафеъзод


Раҳими Рафеъзод, хабарнигори минтақавии "Ҷавонони Тоҷикистон" дар Хатлон, дар синни 58-солагӣ аз дарди қалб ин дунёро падруд гуфт. Темуршоҳи Файзалӣ, ҳамкори ин хабарнигор ва шоири тоҷик панҷшанбеи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки то имрӯз Раҳими Рафеҳзод аз дари қалб ранҷ мекашид.

Ба гуфтаи Темуршоҳи Файзалӣ, соли гузашта, ҳамкорашон барои табобати қалбаш ҳудуди 70 ҳазор сомонӣ қарз карда ба Ҳиндустон сафар карда буд, то қалбашро табобат намояд: "Соли гузашта бо кӯмаки дӯстон ҳудуди 70 ҳазор сомонӣ қарз карда, қалбашро дар Ҳиндустон табобат карда буд. Аммо то ҳол ӯ аз дарди қалб шикоят мекрд ва хонаводааш субҳ ба мо хабар доданд, ки ин дунёро падруд гуфт".

Аз ин хабарнигор ва шоири тоҷик як қатор китобҳо, аз ҷумла "Бӯи деҳа", "Бозгашт барои марг", "Дар хобу бедорӣ","Дареғи давра","Нони тактакӣ" ва "Дунёи фиреб", рӯи чоп омадааст.

XS
SM
MD
LG