Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Реферундуми Қирғизистон 11 декабр баргузор мешавад


Порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосии ин кишварро дар хониши сеюм тасвиб кард. Қарор шуд, ки референдум ё назарсанҷии умумӣ рӯзи 11 декабр, ҳамзамон бо интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ баргузор шавад.

89 намояндаи мардумӣ дар порлумон ба ҷонибдорӣ ва 10 нафар ба муқобили баргузории референдум райъ доданд.

Дар сурати пуштибонии мардум аз ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ, нақши нахуствазир дар Қирғистон таҳким меёбад. Мухолифони президенти кунунии ин кишвар мегӯянд, ки Алмосбек Отамбоев роҳи худро барои боқӣ мондан дар қудрат ҳамвор мекунад.

Тибқи Қонуни асосӣ Отамбоев, ки муҳлати президентиаш соли оянда ба поён мерасад, ҳақ надорад, ки барои бори дуюм президент интихоб шавад. Танқидгаронаш мегӯянд, ислоҳот Отамбоев ба як нахуствазири неруманд табдил мекунад.

Ҳафтаи гузашта ҳукумати Қирғизистон ба думболи берун шудани ҳизби Сотсиал Демократи Отамбоев аз эътилофи порлумонӣ, истеъфо дод. Баъзе аз шарикони ин ҳизб дар эътилоф ба ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосӣ мухолифат доранд.

XS
SM
MD
LG