Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Путин барои "пауза"-и навбатӣ дар Ҳалаб


Владимир Путин, президенти Русия дастур дод, ки 4 ноябр дар шаҳри Ҳалаби Сурия тавақуфи башарӣ ё "паузаи гуманитарӣ" эълон шавад. Дар ин бора шабакаи телевзионии РБК бо такя ба вазорати дифои Русия хабар додааст. Ин ниҳод аз гурӯҳҳои мусаллаҳи даргир даъват кардааст, тавассути ду гузаргоҳи амн аз шаҳр хориҷ шаванд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ва техникаи ҷангӣ аз он канор мераванд.

Раиси ситоди нерӯҳои ҳавоии Русия Генарал Валерий Герасимов бо шарҳи ин тасмим рӯзи 2 ноябр дар як изҳорот, аз тариқи телевизион гуфт, ки оташбас рӯзи 4 ноябр, аз соати 9-и саҳар то 7-и бегоҳ идома мекунад.

"Бо назардошти ин ки шарикони Амрикоии мо ин тавонро надоранд, ки мухолифинро аз террористҳо ҷудо кунанд, мо ба таври мустақим ба раҳбарони ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ муроҷиат мекунем, ки ҷангро қатъ кунанд ва бо силоҳ аз Ҳалаб берун шаванд."- гуфт Герсимов.

20 октябр Русия "тавақуфи башардӯстона" эълон кард ва қарор буд дар ҷараёни он Маскав ва ҳукумати Сурия ба ҳамлаҳои ҳавоӣ хотима диҳанд. Баъдан ин оташбаси муваққатӣ чанд дафъа тамдид шуд. Аммо дар ин муддат Созмони Милали Муттаҳид бинобар набудани кафолати амният, натавонист мардуми мулкиро аз шаҳр берун кунад.

Ба гуфтаи хабаргузории Ройтерс, баъзеҳо, ки хостанд бо истифода аз каридорҳои амниятӣ аз шаҳр берун шавад, дар зери тирборон қарор гирифтанд. 23 октябр ҳомиёни ҳуқуқ аз дубора оғоз шудани бомбаборони Ҳалаб хабар доданд.

Шаҳри Ҳалаб қисмат шудааст, ки дар он нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад ва ниманизомиёни мухолифин мавқеъ гирифтаанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ бо пуштибонии ҳавопаймоҳи Русия мавқеъи ниманизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG