Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HIV дар Екатеринбург ба сатҳи эпидемия расидааст


Вазорати беҳдошти Русия мегӯяд, ки заҳролудшавӣ аз вируси норасоии масунияти бадан ба сатҳи ҳамагир ё эпидемия расидааст. Татяна Савинова, ноиби аввали идораи беҳдошти Екатеринбурк рӯзи 2 ноябр гуфт, ки 1,8 дар сади аҳолӣ ба ин вирус заҳролуд шудаанд, ки ба СПИД мерасонад. Коршиносон теъдоди воқеъии гирифторони вируси норасоии масунияти баданро бештар аз ин ҳисоб мекунанд, зеро на ҳамаи гирифторон ба духтур муроҷиат менамоянд. Екатеринбург бо 1 миллиону 400 ҳазор аҳолӣ баъди Маскав, Санк-Петербург ва Новосибирск, чаҳорумин шаҳри бузурги Русия номбар мешавад.

XS
SM
MD
LG