Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин ҷасадҳои маъданчиҳои гумшударо ёфтанд


Ҳамаи 33 маъданчӣ, ки баъди таркиши авоили ҳафта дар Чин нопадид буданд, ҳалок шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Синхуа" гузориш додааст. Ин хабаргузори рӯзи 2 ноябр гуфт, ҳамаи ҷасадҳоро аз зери оворҳо дар кони ангишти хусусӣ, воқеъ дар шаҳри ҷанубуғарби шаҳри Чунтсин берун оварданд.Ду корманди кон аз таркиши рӯзи 31 октябр ҷон ба саломат бурдаанд,

Сабаби таркиш маълум нест, аммо чунин инфиҷорҳо маъмулан аз шарора ҳангоми ихроҷи газҳои зеризаминӣ ба вуқуъ меояд. Мақомоти Чин ба бозҷӯии ҳодиса амр кардаанд ва ҳамчунин аз конҳои хурдтар дар ин минтақа талаб карданд, ки муваққатан корро қатъ кунанд. Конҳои Чин дар ҷаҳон аз хатарноктаринҳо унвон шудаанд.

XS
SM
MD
LG