Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тарҳи созишномаи парвозҳо бо Узбакистонро таҳия мекунад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи созишномаи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва ҳафт кишвари дигарро таҳия доранд, то заминаи ҳуқуқӣ барои парвозҳо бо ин кишварҳо, фароҳам шавад. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке ин ҳафт кишвар, Узбакистони ҳамсоя мебошад. Шералӣ Ганҷалзода афзуд, ки масъалаи барқарории парвозҳо ба Узбакистон тарҳи имсола ва ё моҳҳои ахир нест ва Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо ба ҷониби Узбакистон ҳамчунин пешниҳодро ироа карда буд, вале посухе дарёфт накард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки ҳанӯз дар заминаи баррасии азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар хабаре нест, вале Тоҷикистон аз ҳама гуна пешравӣ дар ин самт шод, хоҳад шуд.

Парвозҳо байни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё, марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG