Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъоли мухолифини Русияро табибони бетараф муоина мекунанд


Элдар Дадин, як фаъоли мухолифини Русияро, ки бо иттиҳоми нақзи қонун дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба се соли зиндон маҳкум шуда дар маҳбаси Карелия мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, табибони бетараф муоина мекунанд. Дар ин бора Ева Меркачева, ноиби раҳбари Комиссияи назоратии ҷамъятӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти иҷрои ҷазо ба хабарнигорон гуфтааст, ки барои муоинаи Дадин табибони мавриди эътмоди худро пешниҳод кунанд.

Ҳамсари фаъоли боздоштшудаи мухолифин Анастасия Зотова дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "Дожд" аксҳоеро шарҳ дод, ки дар онҳо Дадин бе ягон аломати шиканҷа дар баданаш зоҳир шудааст. Зотова гуфтааст, ки Дадин 10 сентябр ба маҳбаси Карелия интиқол ёфт ва рӯзҳои 11-12 мавриди шиканҷа қарор гирифт. Зотова аз интиқоли ҳамсараш ба зиндони Карелия танҳо рӯзи 27 сентябр огоҳ шудааст. Ӯ мегӯяд, шояд дар ин муддат сахмҳо сиҳат шуданд ва ё мақомоти маҳбас ӯро тавре шиканҷа кардаанд, ки дар баданаш осоре намонад. Анастасия Зотова гуфт, ки ӯ рӯзи 31 октябр бо вакили дифои шавҳараш мулоқот дошт ва вакили Дадин гуфтааст, ки дар мулоқоти ахир дастҳои зерҳимояяш сиёҳу кабуд буд.

Созмони Афви Байналмилалӣ рӯзи 1 ноябр дар як изҳорот талаб кард, ки маҳбуси сиёсӣ Элдар Дадин оҷилан озод шавад ва шикояти ӯ дар заминаи шиканҷа шуданаш мавриди бозҷӯӣ қарор бигирад.

Рӯзи 1 ноябр нашрияи "Медуза" номаи Элдар Дадинро ба ҳамсараш нашр кард. Дадин дар ин нома шиканҷа ва латту кӯби худро тасвир кардааст. Зотова мегӯяд, ба ҳарфи ҳамсараш дар бораи истифодаи шиканҷа алайҳи ӯ бовар дорад. "Агар наворе пайдо шудааст, ки дар он Элдар аз ҳарфҳои қаблии худ даст кашидааст, ин ба маъноест, ки ӯро хуб шиканҷа кардаанд"- гуфтааст Анастасия Зотова. Ба гуфтаи Зотова, мақомоти маҳбас ба Дадин таҳдид кардаанд, ки агар дар бораи шиканҷа лаб кушояд, кушта мешавад.

Рӯзи сешанбе Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ваъда дод, ки маълумот дар бораи шиканҷа шудани Дадинро ба Владимир Путин медиҳанд. Ҳамсари Элдар Дадин ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Маскалкова муроҷиат кард. Ваколатдор низ ваъда кардааст, ки намояндаи худро ба зиндон мефиристад. Кумитаи тафтишот низ ба таҳқиқот шурӯъ кардааст.

Шоми 1 ноябр даҳҳо нафар ба нишони эътироз дар назди бинои Хадамоти Федеролии иҷрои ҷазо ҷамъ шуда, талаб карданд, ки истифода шиканҷа алайҳи Элдар Дадин бозҷӯӣ шавад. Дадин аз нахустин фаъолонест, ки бар пояи нақзи такрории тартибот дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG