Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин: "Бо Туркманистон масъалаҳои ҳалношуда ҳам дорем"


Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки 1 ноябр дар Сочи доир шуд, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, рушди бахши нақлиёт ва масъалаҳои мубрами минтақавиро баррасӣ кардааст. Президенти Русия гуфтааст, "сарфи назар аз мушкилиҳо дар бахши иқтисод", гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

"Ин маънои онро дорад, ки ҳаҷми доду гирифти мо дар сатҳи зарурист. Соли 2015 содироти мол аз кишвари шумо ба кишвари мо ду баробар афзуд. Ин ҳолат моро хушҳол мекунад, аммо масъалаҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки бояд ҳал шаванд. Миёни мо масъалаҳои ҳалношуда низ ҳастанд, ки мо имрӯз дар мавридашон гуфтугӯ хоҳем кард",- гуфтааст Путин.

Бердимуҳаммадов дар навбати худ афзудааст, ки "бо назардошти вазъи иқтисодӣ, шояд бархе аз нишондодҳо кам шуда бошанд, аммо дар солҳои охир мо ба ҳар ҳол содироту воридотро дар сатҳи мусбат нигаҳ доштем".

Яке аз нишондодҳои асосии гардиши мол миёни ду кишвар, интиқоли гази Туркманистон ба Русия буд, ки моҳи январи соли ҷорӣ қатъ шуд.

Бердимуҳаммадов гуфтааст, кишвараш дар масъалаи низоъҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ мақоми бетарафиашро ҳифз мекунад ва бо Русия шарики стратегӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG